Алишер Ёрбобоев
Зоҳир
Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев | |
соли 1993 — соли 2004 | |
|
|
Таваллуд |
7 январ 1951 (73 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев |
Ҳизб | Ҳизби коммунистии Тоҷикистон |
Таҳсилот | |
Касб | ходими давлатӣ |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000) |
Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев (Тав. 07.01.1951, ш. Панҷакент) — иқтисоддон, ходими давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев 7 январи соли 1951 дар шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1971 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси "Молия ва Қарз" хатм намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соли 1973 то 1978 — корманди Вазорати хизматрасонии маишии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Соли 1978 то 2004 — Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарии воҳидҳои гуногуни вазоратро ба ӯҳда дошт).
- Соли 1993 то 2004 — муовин ва муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Соли 2005 — коршиноси миллии Агентии ҳамкории байналмилалии ҷопон (ЛСА) оиди арзебии иқтидори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати идоракунии раванди рушд.
- Соли 2005 — узви гурӯҳи кории Президентӣ оид ба таҳияи стратегияи ислоҳоти низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамчун мушовири миллии Бонки Ҷаҳонӣ).
- Соли 2006 — узви гурӯҳи Ҳукуматӣ оид ба таҳияи Стратегияҳои миллии рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ.
- Солҳои 2007 — 2014 — мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Соли 2014 — бо қарори Ҳукумати ҶТ нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
- Соли 1992 — 1997 — дар бозгардонӣ ва ҷобаҷогузории гурезагон ба ҷойҳои муқими зист фаъолона иштирок намудааст.
- Соли 1996 — узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоотонӣ интихоб гардидааст.
- Соли 2000 ӯ ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор гардидааст.
- Солҳои 1996 ва 1998 — яке аз тартибдиҳандагони "Ҳисобот дар бораи рушди инсон" - и СММ.
- Солҳои 2014 — 2016 - узви гурӯҳи мушовирони Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурӣ Тоҷикистон оид ба арзебии хатарҳои сиесӣ ва таъмини рушди устувор, татбиқи бомуваффақияти барномаҳои СММ дар Тоҷикистон ва Шимоли Афғонистон.
- Аз соли 2014 — коршиноси хазинаи Соррос (донишкадаи Ҷамъияти Кушода) дар ҶТ.
- Аз соли 2014 — коршиноси Созмони Байналмилалии Муҳоҷират.
- Аз соли 2014 — узви Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурӣ Тоҷикистон.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- САҲА таҳқиқотро дар бораи маълумоти муҳоҷират дар Душанбе муаррифӣ мекунад ва қадамҳои ҳамоҳангсозии ҷамъоварии маълумотро баррасӣ мекунад
- Impact of Labour Migration on “Children Left Behind” in Tajikistan
- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — 184 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6