Jump to content

Аҷалгиёҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҷалгиёҳ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Aconitum L., (1753)

Аҷалгиёҳ, биш, «заҳри Сербер», алафи каждум, (лот. Acónítum) — як ҷинси гиёҳҳои заҳрнок мебошад.

Навъҳои Аҷалгиёҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон се намуди Аҷалгиёҳ мерӯяд.

Аҷалгиёҳи зарафшонӣ,

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷалгиёҳи зарафшонӣ ё барчак (Аҷалгиёҳи zeravschanicum) то 100 см қад мекашад. Решапояаш аз 4-12 лӯндак (дарозиаш 2-8 см, бараш 0,2-0,5 см) иборат аст. Пояаш рост, пашмакдор. Баргаш (бештар дар бехи поя месабзад) думчадароз (8-25 см), гирд (дарозиаш 5-15 см, бараш 4-9 см), 3-5-парра, бепашмак; баргҳои қисми болотари поя майдатар, думчакӯтоҳ ё бедумча ме­шаванд. Гулаш зардтоб (моҳҳои июн-июл мешукуфад); шаҳди гулаш барои занбӯри асал заҳр аст. Асосан дар дашту марғзор, арчаву тӯсзор ва настаранзори мавзеъҳои баландкӯҳ (ҷануб ва шарқи Тоҷикистон, қаторкӯҳҳои Зарафшон, Туркистон ва Ҳисору Дарвоз; 2400-3600 м баландтар аз сатҳи баҳр) месабзад.

Аҷалгиёҳ гирдабарг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷалгиёҳи гирдабарг (Aҷалгиёҳ rotun­difolium) то 65 см қад мекашад. Решапояаш аз 2 лӯндак (дарозиаш 4,5 см, бараш 0,3-0,8 см) иборат аст. Пояаш нисбатан сербарг, серпашмак. Баргаш думчадор, гирди 2-3 парра (дарозии паҳ­накаш 2,5-22 см, бараш 2,5-9 см). Гулаш бунафштоб, рагчаҳои гулбаргаш кабуд (моҳҳои июл — август мешукуфад). Дар мавзеъҳои баландкӯҳ, санглох ва марғзори субалпӣ (Помири Ғарбӣ, Тоҷикистони Шарқӣ, Ҳи­со­ру Дарвоз; 3200-4400 м баландтар аз сатҳи баҳр) месабзад.

Аҷалгиёҳи талассӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷалгиёҳи талассӣ (Аҷалгиёҳ talassicoum) то 150 см қад мекашад. Решапояаш аз 3-4 лӯндаки ба ҳам пайваст (дарозии ҳар кадомаш то 2 см, бараш 1-1,5 см) таркиб ёфтааст. Баргаш бепашмак, думчадор (дарозиаш 7-11 см, бараш 10-16 см). Гулаш калон (дарозиаш то 3 см, бараш 1,5 см), нилгун (моҳҳои июл — август мешукуфад). Дар минтақаи дашт, арчазор ва марғзори сернами қ-кӯҳҳои Зарафшону Туркистон (2300—2850 м баландтар аз атҳи баҳр) нумӯ меёбад. Гиёҳест хосси шимоли Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ.

Аҷалгиёҳ гиёҳи заҳрнок аст. Замонҳои қадим одамон аз Аҷалгиёҳ мулӯҳ ва заҳр тайёр мекарданд. Қабилаҳое, ки сокини нишебҳои шарқии кӯҳсори Ҳимолой буданд, нӯги найзаро ба заҳри Аҷалгиёҳ (аконитум) олуда, ба шикори хирс мебаромаданд. Ба қавли Арасту чунин найзаҳои заҳролударо дар ҷангҳои байниқабилавӣ низ ба кор мебурданд. Шоҳи Пергамия Атталуси III (Филометр), ки дар садаи II то милод умр ба сар бурдааст, дар боғи худ ҳар гуна рустаниҳои заҳрнок, аз ҷумла Аҷалгиёҳро парвариш мекардааст. Магарбал ном лашкаркаш (асри 2-и то милод) аскарони душманро бо майе, ки қиёми Аҷалгиёҳ дошт, заҳролуд сохтааст. Абуалии Сино биш, яъне Аҷалгиёҳро заҳри ҳалоҳил мешумурд. Ҳамаи узвҳои Аҷалгиёҳ (тар ва хушк), алалхусус бехи он хеле заҳрноканд.

Таъсири Аҷалгиёҳ ба чорво

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷалгиёҳ барои чорво (бузу гӯсфанд, хук, гов, асп, хачир) хавф дорад. Ҳатто 14-16 г алафи сабзи Аҷалгиёҳ бузро ба зудӣ мекушад. Гӯшти чунин чорво барои одам заҳрнок аст. Заҳрнокии Аҷалгиёҳ ба алкалоидҳои таркибаш вобастагӣ дорад. Миқдори алкалоидҳо ба давраи рушд, узв ва навъи Аҷалгиёҳ алоқаманд аст; дар баргу пояаш 0,15-1 % ва дар бехаш 1-2 % алкалоидҳо ҳастанд. Талатизин, талатизамин, талатизидин, изоталатизидин, моноасетилталатизамин, конделфин (Аҷалгиёҳ rotundifolium), гетератизин (зарафшанин) ва зарафшонидин (Аҷалгиёҳ zeravschanicum) аз ҷумлаи онҳоянд.

Аҷалгиёҳ дар табобат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷалгиёҳ рустании доруӣ низ ба ҳисоб меравад. Табибони халқӣ пештар бо барг, гул ва бехи он бемориҳои гуногун (сил, саратон ва захми меъда)-ро табобат мекарданд; аксар вақтҳо беморон заҳролуд мешуданд. Дар амалияи тибби имрӯза доруҳоеро, ки аз лӯндаки Аҷалгиёҳ тайёр мекунанд, чун омили рафъи ҳисси дард (ҳангоми миёндард, тарбод ва ғайра) истифода мебаранд. Қиёми спиртии Аҷалгиёҳ ҷузъи таркибии доруи «акофит» ва «ангинол» («эхинол») мебошад.

Бо мақсади худтабобат истифода бурдани Аҷалгиён қатъиян мамнӯъ аст (3-4 мг аконитин барои организми одам марговар мебошад).

  • Агапова Н. Д. Семейство лютиковые (Ranunculaceae) // Жизнь растений. В 6-ти т. Т. 5. Ч. 1. Цветковые растения / Под ред. А. Л. Тахтаджяна. — М.: Просвещение, 1980. — С. 210—216.
  • Гиляров М. С. Биологический энциклопедический словарь. — М.: Советская энциклопедия, 1986. — С. 15. — 831 с.
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. — М.: Медицина, 1976. — 288 с.
  • Gardeners’ Encyclopedia of Plants & Flowers. — Dorling Kindersley Limited, London, 1995.


Гуруҳ: Гиёҳҳои заҳрнок