Василий Кириллов
Василий Кириллов | |
Таърихи таваллуд: | 25 октябр 1907 |
Зодгоҳ: | Челябинск |
Таърихи даргузашт: | 29 августи 1972 |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Василий Кириллов — шоир, тарҷумон[1], узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1946).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Василий Кирилов 25 октябри соли 1907 дар шаҳри Челябинск таваллуд шудааст. Соли 1937 шуъбаи русии факултаи филологияи Университети давлатии Ленинградро хатм карда, барои кор ба Душанбе омадааст. Дар мактаби миёна ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе муаллимӣ кардааст. Соли 1942 ихтиёран ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, дар рӯзномаҳои ҳарбӣ адои хидмат кардааст, дар озод кардани Киев, Варшава ва ҳуҷуми Берлин ширкат варзидааст. Аз соли 1946 то охири умраш дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» кор кардааст. Аз соли 1946 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 29 августи соли 1972 аз олам даргузашт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин шеъраш охири солҳои бистум дар матбуоти даврӣ чоп шудааст. Китоби аввалинаш «Ватан» (1938) дар Душанбе ба табъ расидааст. Баъди ҷанг маҷмӯаҳои ашъораш «Гуфтугӯйи самимӣ» (1953), «Баҳри тоҷик» (1957), «Чароғҳои фурӯзон» (1960), «Таронаи баҳори ман» (1963), «Ҷовидонро месароям» (1965) ва достони «Рӯбоҳчаҳо, харгӯшчаҳо ва Холбобо»-и ӯ дастраси умум гардидаанд. Тарҷумаи достони М. Миршакар «Ливои зафар» ва китоби Тоҷӣ Усмон «Дурдонаҳои назми тоҷик» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар ҳамқаламии шоира Марианна Фофанова асари чорҷилдаи «Сурудҳои халқии тоҷикӣ»-ро ба русӣ гардондааст. Баъзе аз шеърҳои ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени дараҷаи аввали «Ҷанги Бузурги Ватанӣ»,
- Ордени «Ситораи сурх»;
- Ордени «Нишони фахрӣ»;
- Медали «Барои меҳнати шоён».[2]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ нусхаи бойгонӣ. 1 май 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 ноябри 2015.
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 52 - 53 ISBN 978-99947-2-379-9