Ватаншо Шамсов (деҳа, н. Кӯлоб)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯлоб |
Ҷамоат | Деҳоти Зарбдор |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 2469 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3322 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Ватаншо Шамсов — деҳа дар ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи Кӯлоб. Аз Ватаншо Шамсов то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 1 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2469 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳа корхонаи хиштбарорӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, чойхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Сиёб обёрӣ мешаванд[2].
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Ватаншо Шамсов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.