Гултеппа (деҳа, н. Кӯлоб)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯлоб |
Ҷамоат | Деҳоти Даҳана |
Координатаҳо | 38°05′03″ с. ш. 69°52′01″ в. д.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 1135 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3322 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Гултеппа — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Гултеппа то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 22 км, то вилоят 182 км; роҳ мошинггард. Аҳолиаш 1135 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳа бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби хусусӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Гултеппа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи ба номи Сафар Амиршоев (собиқ Мирапоқ) таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Ёхсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гултеппа 20 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуданд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гултеппа // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2