Гулистон (деҳа, н. Кӯлоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯлоб
Ҷамоат Деҳоти Зарбдор
Координатаҳо 37°50′24″ с. ш. 69°43′35″ в. д.HGЯO
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 1301 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140
Коди мошин TJ03
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Гулистон дар харитаи
Гулистон
Гулистон

Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи Кӯлоб. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 8 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1820 нафар (2013), тоҷикон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа соли 1963 таъсис ёфта, аҳолиаш асосан аз ноҳияҳои Шӯрообод ва Муъминобод ба ин ҷо кӯчидаанд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа бунгоҳи тиббӣ, китобхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ, ошхона, осиёби хусусӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва фурӯши сӯзишворӣ, мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Панҷосиёб (собиқ Бештегирмон) давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Сиёҳоб обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон хоҷагиҳои деҳқонии «Гулистон» ва «Ёраков» фаъолият доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]