Вуқуф дар Арафот
Истодан дар Арафот (ар. الوقوف على عرفات) — дар фиқҳ яке аз фарзҳои сегона ва муҳимтарин рукни ҳаҷ; чанд лаҳзае пас аз заволи рӯзи арафа то ғуруби офтоб истодан дар дашти Арафот аст.
Касе Вуқуф дар Арафотро дарёфта бошад, ҳаҷро дарёфтааст ва он аз касе фавт шуда бошад, ҳаҷҷаш нотамом боқӣ мемонад. Вақти афзали Вуқуф дар Арафот пас аз заволи рӯзи арафа то фурӯ рафтани офтоби он рӯз аст ва дар ҳолати зарурӣ онро то дамидани субҳи рӯзи ид метавон анҷом дод. Шахсе, ки барои умра ва ҳаҷ (ҳаҷҷи қирон) эҳром бандад, вале аз сабаби танг омадани вақт ба Макка дохил нашуда, рост ба Арафот равад, Вуқуф дар Арафотро ба ҷо меоварад ва умраашро тарк менамояд. Ҳаҷҷаш ба ҳаҷҷи ифрод табдил ёфта, забҳи қурбонӣ аз вай соқит мегардад, вале барои тарки умрааш як хун (забҳ) ва қазои умра бар вай воҷиб мегардад. Қазои умраашро пас аз айёми ташриқ метавонад ба ҷой оварад. Шахсе барои ҳаҷҷи ифрод эҳром бандад ва ба сабаби тангии вақт ба Макка дохил нашуда, рост ба Арафот равад, Вуқуф дар Арафотро дар он ҷо ба ҷо меоварад ва тавофи қудум аз вай соқит мегардад. Бо тарки тавофи қудум чизе бар вай воҷиб намегардад. Шахсе дертар ба Арафот расад ва аз заволи офтоби рӯзи Арафа то дамидани субҳи рӯзи ид чанд лаҳзаеро дар он ҷо дарёбад, ҳаҷро дарёфтааст. Агар пас аз бастани эҳром фавт намояд, ҳама чиз аз вай соқит мешавад ва агар пас аз Вуқуф дар Арафот фавт намояд, ҳаҷҷаш шаръан дуруст ва анҷомёфта ба шумор меравад, зеро Расули Худо (с) фармудааст: «Ҳаҷ Арафа аст».
Ба ҷуз Вуқуф дар Арафот вуқуфи дигаре низ дар Муздалифа вуҷуд дорад, ки он воҷиб аст ва пас аз дамидани субҳи рӯзи наҳр — иди Қурбон то пеш аз тулӯи офтоб анҷом дода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқизода А. Ҳаҷ: таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он. Д., 2013,
- الموسوعة الفقهية. الجزء الثاني و الاربعون. الكويت، بيروت، 2000
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вуқуф дар Арафа / А. Боқизода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.