Мино (водӣ)
Зоҳир
Мино (ар. منى) — водӣ ва паҳндаштест, ки пеш аз Муздалифа воқеъ гардидааст. Имрӯзҳо он ҷо бо хаймашаҳр шинохта шудааст. Ҳаҷгузорон рӯзи ҳаштум ба он ҷо мераванд ва рӯзи ид низ пас аз вуқуфи Муздалифа пеш аз баромадани офтоб ба он ҷо бармегарданд. Онҳо шабҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум ва баъзеҳо шаби сездаҳумро низ дар он ҷо мегузаронанд ва ин шабҳоро дар он ҷо гузаронидан суннат аст. Бахше аз барномаҳо ва маносики ҳаҷ, аз қабили рамй, забҳ ва тарошидани мӯи сар дар он ҷо анҷом дода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи ислом аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |