Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Миқот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Миқот (ар. ميقات) — маҳал ва ҷойи махсусест, ки Расули акрам (с) онро барои эҳром бастани ҳоҷиён дар фосилаи дуртар аз шаҳри Макка муайян намудааст.

  • Зулҳулайфа (ар. ﺫﻭ ﺍﻟﺣﻠﻴﻔﻪ) — миқот барои сокинони Мадина, воқеъ дар 450 км шимолтар аз Макка, аз ҳама дуртарин миқот;
  • Зотуирқ (ар. ﺫﺍﺕ ﻋﺮﻕ) — миқот барои сокинони Ироқ, воқеъ дар 94 км шимолу шарқи Макка.
  • Ҷуҳфа (ар. ﺟﺤﻔﻪ) — миқот барои сокинони Шом ва Миср, воқеъ дар 187 км шимоли Макка;
  • Қарнулманозил (ар. ﻗﺮﻦ ﺍﻠﻣﻨﺎﺯﻝ) — миқот барои сокинони Наҷд, воқеъ дар 94 км шарқи Макка;
  • Яламлам (ар. يلملم) — миқот барои сокинони Яман, воқеъ дар 54 км ҷануби Макка;
  • Водии Муҳаррам (ар. وادي محرم)
  • А. Боқизода. Ҳаҷ: таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он. — Душанбе, 2013. — 272 с.
  • Али-заде, А. А. Микат : [арх. 1 октября 2011] // Исламский энциклопедический словарь. М. : Ансар, 2007.