Jump to content

Гвинеяи Истивоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гвинеяи Экваторӣ)
Гвинеяи Истивоӣ
фр. Guinée équatoriale
фр. la République de Guinée équatoriale[1]
исп. República de Guinea Ecuatorial
кот. República de Guinea Equatorial
Парчам Нишон
Парчам Нишон
[[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]]
[[File:
|100px|noicon]]
Забонҳои расмӣ испониёӣ[3], фаронсавӣ[3] ва португалӣ[3]
Пойтахт Малабо
Воҳиди пул Central African CFA franc[d]
Интернет-домен .gq
Рамзи ISO GQ
Рамзи КБО GEQ
Пешшумораи телефон +240
Минтақаи замонӣ UTC+1[d][2]

Ҷумҳурии Гвинеяи Истивоӣ (исп. República de Guinea Ecuatorial [reˈpuβlika ðe ɣiˈne.a ekwatoˈɾjal], фр. République de Guinée équatoriale, португалӣ: República da Guiné Equatorial) — кишвар дар Африқои Марказӣ. Аз қисми материк (Рио — Муни — 26 ҳазор км2), ҷазираҳои Фернандо-По (2017 км2), Биоко (2 ҳазор км2) ва якчанд ҷазираи хурди халиҷи Гвинея иборат буда, дар хушкӣ бо Камерун ва Габон ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 28051 ҳазор км2. Аҳолиаш 781,9 ҳазор нафар (2014). Пойтахташ — шаҳри Малабо дар ҷазираи Биоко. Ба 7 музофот (Аннобон, Биокаи Шимолӣ, Биокаи Ҷанубӣ, Сентро-Сур, Ке-Нтем, Литорал, Веле-Нзас) тақсим шудааст.

Сохтори давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гвинеяи Истивоӣ — ҷумҳурии мустақил. Сардори давлат ва ҳукумат — президент, ки аз ҷониби аҳолӣ ба муҳлати 7 сол интихоб мешавад. Мақоми олии қонунгузор — Маҷлиси миллии халқист, ки аҳолӣ онро ба муҳлати 5 сол интихоб мекунад (аз 100 намоянда иборат аст). Ҳизбҳои сиёсӣ: Ҳизби демократӣ, Ҳизби муттаҳида барои демократияи иҷтимоӣ.

Дар қисми материкии Гвинеяи Истивоӣ кӯҳҳои Булӯрин (баландиаш то 1500 м, қ. Фихеливинге) воқеъ гашта, қад-қади соҳили халиҷи Гвинея минтақаи борики пастӣ ҷой гирифтааст. Пайдоиши ҷазираҳои Масиас-Нгема-Бийого (баландиаш то 3008 м) ва Пагалу (баландиаш то 670 м) вулканӣ, релйефашон кӯҳсор мебошад. Иқлимаш — экваторӣ, гарму сернам. Ҳарорати миёнаи моҳона аз +24 то +28°С, бориши солона 2000-3000 мм ва аз ин зиёд (дар ҷануби ҷазираи Масиас-Нгема-Бийого то 10000 мм). Дарёҳояш шаршараи бисёр дошта, танҳо дар резишгоҳашон киштигарданд. Дарёҳои асосӣ (дар қисми материк) — Бенито, Кампо, Тембони. Зиёда аз 4/5 масоҳати Гвинеяи Истивоиро бешаҳои ҳамешасабз фаро гирифтаанд. Дар Гвинеяи Истивоӣ бештар аз 150 навъи дарахтони нодир — нахли зайтун ва норҷил, дарахти нон, оҳандарахт, окуме мерӯянд. Олами ҳайвоноташ гуногун аст; намудҳои гуногуни маймун, фил, паланг, ғизол зиндагӣ мекунанд. Морҳо, парандаҳо, ҳашарот ва тортанақшаклҳо бисёранд.

Дар Гвинеяи Истивоӣ халқҳои бантузабон, асосан фанг, буби ва ғ. зиндагӣ мекунанд. Испаниҳо низ ҳастанд. Забони расмӣ — испанӣ. Дини ҳукмрон — католикӣ; мазҳабу ойинҳои анъанавии маҳаллӣ низ боқӣ мондаанд. Зичии миёнаи аҳолӣ 25,14 нафар дар 1км2. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ — 62 сол. Афзоиши солонаи аҳолӣ — 2,7 %. Фавти кӯдакон — аз 1000 нафар 79 нафар. 34 дарсади аҳолӣ — гирифтори бемории норасоии масунияти бадан (ВИЧ). 93 дарсади мардҳо ва 80 дарсади занон босаводанд. 39 дарсади аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад.

Маълумоти таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷазираи Масиас-Нгема- Бийого (Фернандо-По)-ро соли 1471 экспедитсияи португалиҳо бо роҳбарии капитан Фернандо-По кашф карданд. Он мувофиқи шартномаи соли 1770 аз Португалия ба Испания гузашт. Испаниҳо соли 1843 музофоти Рио-Муниро ба даст дароварданд. Соли 1959 ҳизбҳои сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Худи ҳамон сол зери фишори ҳаракати озодихоҳии миллӣ тартиботи мустамликадорӣ расман барҳам дода шуда, Гвинеяи Истивоӣ музофоти Испания гардид. Худидоракунии маҳаллӣ соли 1964 ҷорӣ шуд. Соли 1968 Гвинеяи Истивоӣ истиқлол ба даст овард. Соли 1970 низоми якҳизбӣ ҷорӣ гашта, Ҳизби ягонаи миллии заҳматкашон ташкил шуд. Ин ҳизб баробари вазифаҳои мустаҳкам намудани истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат «комилан нест кардани боқимондаҳои истисмори одам»-ро мақсади худ қарор дод. Гвинеяи Истивоӣ дар муносибати байналмилалӣ сиёсати ба блокҳо ҳамроҳ нашуданро пеш гирифта, соли 1970 муносибатҳояшро бо Испания ва ИМА қатъ кард ва ба мамлакатҳои сотсиалистӣ рӯ овард. 3 августи 1979 дар мамлакат бо роҳбарии Теодоро Обианг Нгема Лебасого — собиқ ҷонишини вазири мудофиаи мамлакат ва бародарзодаи Масиас-Нгема-Бийого табаддулот ба амал омад. Масиас қатл гардид ва ҷазираи Масиас-Нгема-Бийого ҷазираи Бийоко номгузорӣ шуд. Октябри 1979 қисми зиёди моликияти миллигардонида (плантатсияҳо, корхонаҳо, мағозаҳо) ба соҳибони пешинаашон баргардонда шуданд. Ноябри 1979 озодии соҳибкории хусусӣ эълон гардид. Муносибатҳо бо Испания ва ИМА барқарор шуданд, дар тунукобаи баҳр истихроҷи нафт оғоз шуд. Соли 1982 конститутсияи нав қабул карда шуд, ки озодии сиёсиро эълон дошт. Вале дар солҳои 1990 тамоми арбоби мухолифин ҳабс, бисёриҳо қатл ва дар мамлакат диктатураи якҳизбӣ ҷорӣ карда шуд.

Дар ҷазираи Бийоко киштзорҳои калони ширкатҳои хориҷӣ ва соҳибкорони алоҳида мавҷуд буда, асосан қаҳва, какао, зироати норҷил, тамоку, банан, какос, маниок, ямс, шолӣ, чормағзи заминӣ, найшакар парвариш мекунанд. Ба чорводорӣ низ машғуланд. Гвинеяи Истивоӣ солҳои охир аз ҳисоби ба истифода додани конҳои нафт даромадҳои худро афзун гардонд. Дар ММД ҳиссаи саноат 93,3 %, кишоварзӣ 2,4 %, соҳаи хидматрасонӣ 4,2%-ро ташкил мекунад. Гвинеяи Истивоӣ ба хориҷа нафту газ, чӯб, какао, қаҳва бароварда (харидорони асосӣ ИМА, Испания, Хитой, Тайван, Фаронса, Итолиё, Кореяи Ҷанубӣ), аз Хитой, Испания, ИМА, Фаронса, Кот-д' Ивуар, Итолиё, Британияи Кабир таҷҳизот барои истихроҷи нафт, молҳои саноатӣ ва хӯрокворӣ ворид мекунад.

Дар Гвинеяи Истивоӣ таълим барои бачаҳои 6-14-сола ҳатмист. Муҳлати таҳсил дар мактаби ибтидоӣ 6 сол, мактаби миёна 6 сол, мактаби касбию техникӣ 3-5 сол. Таълим — ба забони испанӣ. Аксари ҷавонон дар хориҷа маълумоти олӣ мегиранд. Китобхонаи калонтарини мамлакат дар ш. Малабо воқеъ аст.

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
  • Все страны мира (энциклопедический справочник). М., 2004;
  • Страны мира (современный справочник). М., 2008.