Зароб (деҳа, н. Деваштич)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Зароб | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Деваштич |
| Ҷамоат | Деҳоти Муҷун |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Номҳои пешина | Манғит |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1408 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3464 |
Зароб (то 29.3.2012 Манғит[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич. Аз Зароб то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 9 км. Аҳолиаш 1408 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, масҷиди панҷвақта ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, рустанипарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз обанбори Даҳанасой ва чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 12 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Постановление Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан № 305 от 29 марта 2012 года — Викитека(рус.). ru.wikisource.org. 27 ноябри 2022 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — 648 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2