Зарнисор (деҳа, н. Деваштич)
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Зарнисор | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Деваштич |
| Ҷамоат | Деҳоти Ғазантарак |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 5009 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3464 |
Зарнисор (то 2012 Янгиариқи Поён[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич. Аз Зарнисор то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 5009 нафар (2017), тоҷикон.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]| Сол | 2010[2] | 2020[2] |
| Аҳолӣ | 4324 | 5542 |
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, тӯйхонаи «Саломат», китобхона, клуб, сартарошхона, нуқтаи таъмири пойафзор, масҷиди панҷвақта, чойхона ва 5 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз обанбори Даҳанасой обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии деҳқонии «Бобур» ва 48 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Доктори илмҳои тиб Исматулло Юлдошев дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Постановление Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан № 305 от 29 марта 2012 года — Викитека(рус.). ru.wikisource.org. 27 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарнисор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2