Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамоати деҳоти Сомон — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.
Ҷамоати деҳоти Сомон (собиқ Хонақоҳ), ҷамоати деҳот дар ноҳияи Ҳисор воқеъ аст. Соли 1929 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш 28029 нафар, 3011 хоҷагӣ дорад.. Дар паҳлуи шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода дар масофаи 6 км аз маркази ноҳия, марказаш дар деҳаи Шӯроби Афғон. Ҷамоат
аз шар. бо Ҷамоати деҳоти Навобод, шаҳри Ҳисор, Ҷамоати Деҳқонобод аз
ғ. бо ноҳияи Рӯдакӣ, аз шим. бо Ҷамоати Алмосӣ ва ҷ. бо Ҷамоати Дурбат ҳамсарҳад аст. Масоҳати замини ҷамоат 3642,36 га буда, аз он 1564 га заминҳои кишоварзӣ, 610,28 га
замини наздиҳавлигӣ, 74,88 га ёрирасон мебошанд.
Заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ 696,6 га мебошанд, ки аз
он 464,3 га заминҳои обӣ ва 232,3 га лалмӣ мебошанд.
Дар ҳудуди ҷамоат хоҷагиҳои кишоварзии «Ватан»,
«15-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
хоҷагии ёрирасони ҶСШП «Корвони аср» ва 200
хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар
ҳудуди ҷамоат деҳаҳои Гулрез (собиқ Чептураи Боло),
Хирманак, Дучинора, Истиқлол, Ғайратобод,
Афғонобод, Кӯчабоғӣ, Шӯроби Искандар, Нурафшон
(собиқ Шӯроби Поён), Чаманистон, Обшорон,
Боғистон (собиқ Тула), Мортеппа ва Чашмасор (собиқ
Бешбулоқ) мавҷуд аст.
Дар ҳудуди ҷамоат 8 мактаби миёна, 4 мактаби асосӣ,
2 мактаби ибтидоӣ, литсейи «Ҳотам ва ПВ», мактаб-
интернати полимелит, маркази фарҳангию фароғатӣ,
2 китобхона, 5 маркази саломатӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 6
корхонаи кокарди чӯб, корхонаи таъмири пойафзол,
10 осиёбу ҷувоз, 4 корхонаи хиштбарорӣ, масҷиди
ҷомеъ, 28 масҷиди панҷвақта ва зиёда аз 40 мағозаю
дӯкон мавҷуд аст.[1]
- Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
- Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
- С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 559