Обшорон (деҳа, н. Ҳисор)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Обшорон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
| Ноҳия | ноҳияи Ҳисор |
| Ҷамоат | Деҳоти Сомон |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Номҳои пешина | Водонасосная |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1615 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3139 |
| Нишонаи почта | 735020 |
Обшорон (собиқ Водонасосная) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Обшорон то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 1615 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа соли 1960 бунёд гардидааст. Сокинонаш аз деҳаи Учқули Боло кӯчида омадаанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Обшорон мактаби миёна, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва мағозаю дӯконҳо фаъолият доранд. Сокинони Обшорон ба боғдорию зироатпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 432