Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғайратобод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Ғайратобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Сомон
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 4091 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Ғайратобод (собиқ Лангар) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Ғайратобод то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 3 км. Аҳолиаш 4091 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Дар Ғайратобод ҳоло 800 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, ки 200 хоҷагии он аз деҳаи Чорчароғи ноҳияи Рашт солҳои 1947—1948 муҳоҷир шуда омадаанд. Ғайратобод деҳаест, ки таърихи 570-сола дорад. Аввалин ободкунандаи он Исмоил Атозода аз шаҳри Бухоро буда, аз авлоди Саидамири Кулол будааст[2].

Дар қисми болоии деҳа (Лангари Ато ё худ Лангари Боло) мазори Исмоил Ато ҷойгир шудааст, ки охирҳои садаи XIII ва аввалҳои садаи XIV бунёд гардидааст. Мутаваллии ин мазор баъд аз даргузашти Исмоил Ато набераҳои он кас будаанд[2].

Мағозаҳои деҳа

Дар деҳа масҷиди ҷомеъ, се масҷиди панҷвақта, 2 мағоза, бунгоҳи тиббӣ, осиёби барқӣ, ҷувози обӣ, 5 ҷувози барқӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ фаъолият доранд[2].

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 1 2 3 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 206