Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарангак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зарангак (деҳа, н. Рашт))
Деҳа
Зарангак
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Рашт
Ҷамоат Деҳоти Хичборак
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 654 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3131

Зарангак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Хичбораки ноҳияи Рашт. Аз Зарангак то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 19 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 654 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа китобхона, чойхона, масҷиди панҷвақта, 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳичборак давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо қисман лалмӣ буда, қисми дигарашон аз оби чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 20 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.