Ганҷдара (деҳа, н. Рашт)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Ганҷдара
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рашт
Ҷамоат Деҳоти Ҷафр
Координатаҳо 39°06′10″ с. ш. 70°42′45″ в. д.HGЯO
Номҳои пешина Ганчик
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 105 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3131
Нишонаи почта 734060
Коди мошин TJ08
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Ганҷдара дар харитаи
Ганҷдара
Ганҷдара

Ганҷдара (собиқ Ганчик) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт. Аз Ганҷдара то маркази ҷамоат 20 км, то маркази ноҳия 40 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 105 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа чойхона-фароғатгоҳ, масҷиди панҷвақта ва мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Миртоби ҷамоати деҳоти Ҳоит давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии коллективии «Ганҷдара», хоҷагиҳои деҳқонии хурди «Ҷалол» ва «Алӣ» мавҷуданд.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Мардумаш баъди заминларзаи соли 1949 ба ноҳияҳои Қумсангир ва Колхозобод (ҳозира Ҷалолуддини Румӣ) кӯчида, деҳа беодам монда буд. Солҳои 1980 як қисми аҳолиаш ба деҳа баргашта, онро обод карданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]