Шаҳрисабз (деҳа, н. Рашт)
Деҳа | |
---|---|
Шаҳрисабз | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рашт |
Ҷамоат | Деҳоти Нусратулло Махсум |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 971 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3131 |
Нишонаи почта | 734060 |
Коди мошин | TJ08 |
Шаҳрисабз (собиқ Качамандӣ[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт. Аз Шаҳрисабз то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 14 км. Аҳолиаш 971 нафар (2017), тоҷикон.
Таърих[вироиш]
Деҳа дар замони шӯравӣ Качамандӣ ном дошт ва баъдан инро соли 2009 ба таври расмӣ Шаҳрисабз ном гузоштанд. Ҳоҷӣ, як сокини рустои Шаҳрисабз, аз бобоёнаш шунида буд, ки ҳануз 400 сол пеш ин деҳа на Качамандӣ, балки Шаҳрисабз ном доштааст[1].
Иқтисодиёт[вироиш]
Деҳа дорои як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ[2], бунгоҳи тибӣ, 1 дорухона, китобхона, сартарошхона, толори волейбол, нуқтаи хизматрасонии маишӣ (толори сақозанӣ), 5 мағоза, бустонсаро, нуқтаи фурӯши маҳсулоти сузишворӣ, автосервис ва масҷиди панҷвақта мебошад. Мардуми деҳа ба чорводорӣ, ғаллакорӣ ва хусусан ба картошкапарварию боғдорӣ (себ ва нок) машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо ва аз дарёи Сурхоб обёрӣ мешаванд
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Номҳои 33 деҳа тағйир дода шуд. Радиои Озодӣ. 17 май 2017 санҷида шуд.
- ↑ Суханронӣ дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Рашт. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (2 октябри 2008).
Сарчашма[вироиш]
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: СИ ЭМТ, 2013. — 332 с.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2