Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарафшон (деҳа, н. Зафаробод)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарафшон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Зафаробод
Ҷамоат Деҳоти Ҷомӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Комсомол
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1739 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3452
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Зарафшон (то 4 июли 2013 — Комсомол[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷомӣи ноҳияи Зафаробод. Аз Зарафшон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 27 км, то маркази вилоят 90 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1744 нафар (2017).

Таърих ва мардум

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1965 бунёд шудааст. Аҳолиаш солҳои 60 асри 20 асосан аз ноҳияҳои Айнӣ ва Ғончӣ барои обод кардани дашти Мирзочӯл ва як қисми дигарашон соли 1993 аз ноҳияи Панҷ ва шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба ин

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, хонаи фарҳанг, 3 нуқтаи хидматрасонӣ ва 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои амудӣ ва тавассути пойгоҳи обкашӣ аз д. Сир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа кооперативи истеҳсолии «Боғи Ҳоҷӣ Раҳимҷон», 96 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ фаъолият доранд.

  1. Всё о Таджикистане - Деха Чарогон (Сарваки боло). tojkiston.ucoz.ru. 15 Декабри 2022 санҷида шуд.