Гулистон (деҳа, н. Зафаробод)
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Зафаробод |
Ҷамоат | Деҳоти Равшан |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 5411 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3452 |
|
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод. Аз Гулистон то маркази ноҳия 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 5411 нафар (2017).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулистон соли 1968 ташкил шуда, аҳолиаш аз водии Яғноби ноҳияи Айнӣ бо мақсади обёрӣ ва васеъ намудани заминҳои пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷир карда шудаанд.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | 2010[1] | 2020[1] |
Аҳолӣ | 8928 | 6155 |
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулистон мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, осиёби хусусӣ, масҷиди ҷомеъ ва 4 масҷиди панҷвақта, китобхона, хонаи фарҳанг, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва савдои хусусӣ, ҳаммом, ошхона, нуқтаи қабули пахта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳояш қисман аз чоҳҳои амудӣ ва аз дарёи Сир ба воситаи лӯлаҳои обкаш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 210 хоҷагии хурди деҳқонӣ, корхонаҳои коркарди пахтаи ҶСП «Деҳқон», равғанбарории «Ҳазораи Сомон» ва ҶДММ «Зафаробо-инвест» мавҷуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2