Зафар (деҳа, н. Зафаробод)
| Деҳа | |
Зафар | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Суғд |
| Ноҳия | ноҳияи Зафаробод |
| Ҷамоат | Шаҳраки Зафаробод |
| Таърих ва ҷуғрофия | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Шумора | 1470 тан (2017) |
| Миллатҳо | тоҷикон |
| Дин | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| коди телефон | +992 3452 |
Зафар (собиқ 50-солагии Октябр) — деҳа тобеъи шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод.
Соли 1967 бунёд шудааст. Аҳолиаш асосан аз деҳаи Нофароҷи ш. Истаравшан барои обод кардани дашти Мирзочӯл ба ин минтақа муҳоҷир шудаанд. Бо сарварии яке аз аввалин муҳоҷирон Мирзо Юлдошев дар ин минтақа калхози «Ленинобод» таъсис ёфтааст. Аз деҳа то маркази ҷамоати шаҳрак 3 км, то маркази ноҳия (шаҳраки Зафаробод) 3 км, то маркази вилоят (ш. Хуҷанд) 107 км. Аҳолиаш 1470 нафар (январи 2017). Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, масҷиди панҷвақта ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои амудӣ, наҳри ТМ-1 ва тавассути пойгоҳи обкашӣ аз рӯди Сир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 57 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Собиқадори ВКД полковник Дониёр Бердиёров дар ҳамин деҳа ба камол расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зафар // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2