Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бахт (деҳа, ҷ. Равшан, н. Зафаробод)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Бахт
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Суғд
Ноҳия ноҳияи Зафаробод
Ҷамоат Деҳоти Равшан
Таърих ва ҷуғрофия
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Шумора 4423 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3452

Бахт — деҳа дар ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод. Аз Бахт то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4423 нафар (2017).

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, шифохона, маркази саломатӣ, 2 китобхона, хонаи фарҳанг, нуқтаи пахтақабулкунӣ, чойхона ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ.