Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарафшон (деҳа, н. Кӯшониён)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарафшон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Кӯшониён
Ҷамоат Деҳоти Сарвати Истиқлол
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1952 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3245
Нишонаи почта 735140

Зарафшон (то 28.2.2013 Тоҷикбаталён) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён. Аз Зарафшон то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 15 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1952 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи 20-солагии Истиқлолият таҳсил мекунанд. Деҳа масҷиди панҷвақта ва осиёби барқии хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳр аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии тухмипарварии «Баҳор» ва 2 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.