Навкор (деҳа, н. Кӯшониён)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯшониён |
Ҷамоат | Деҳоти Сарвати Истиқлол |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 2331 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3245 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Навкор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён. Аз Навкор то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 14 км. Аҳолиаш 2331 нафар (2017), тоҷикон.Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди ҷомеъ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
https://n.maps.yandex.ru/-/CCQamHFSHA(пайванди дастнорас)
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2