Гули Сурх (деҳа, н. Кӯшониён)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гулисурх (деҳа, н. Кӯшониён))
Деҳа
Гули Сурх
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯшониён
Ҷамоат Деҳоти Навбаҳор
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 881 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3245
Нишонаи почта 735140
Коди мошин TJ03

Гули Сурхдеҳа дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён. Аз Гули Сурх то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 881 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии маркази ноҳия таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гули Сурх 24 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа соли 1947 таъсис ёфта, аҳолиаш бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои Водии Вахш аз ноҳияи Тавилдара муҳоҷир шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]