Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Авзалӣ (деҳа, н. Кӯшониён)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Авзалӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Кӯшониён
Ҷамоат Шаҳраки Бохтариён
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 664 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3245
Нишонаи почта 735140

Авзалӣ — деҳа тобеи шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён. Аз Авзалӣ то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 831 нафар (2009)[1] ва 664 нафар (2017[2]), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, боғчаи бачагон, чойхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд[1].

  1. 1 2 Авзалӣ // А — Асос. Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). ISBN 978-99947-33-45-3.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2