Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарнисор (деҳа, н. Кӯшониён)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарнисор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯшониён
Ҷамоат Деҳоти Меҳнатобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2098 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3245
Нишонаи почта 735140

Зарнисор (то 28.2.2013 Янги Турмуш) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён. Аз Зарнисор то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 3 км. Аҳолиаш 2098 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Меҳнатобод таҳсил мекунанд. Зарнисор бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва 6 нуқтаи хидмати маишӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ ва пахтакорӣ. Заминҳо аз рӯд Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагиҳои деҳқонии «Бобои Мақсуд», «Кишоварз» ва 37 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.