Виён
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯшониён |
Ҷамоат | Деҳоти Сарвати Истиқлол |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1292 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3245 |
Нишонаи почта | 735140 |
Виён — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён. Аз Виён то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 13 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1292 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди ҷомеъ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардуми деҳа бо мақсади корам кардани заминҳои бекорхобида аз ҷамоати деҳоти Хазлаати ноҳияи Балҷувон (калхози ба номи Молотов) соли 1946 аввал ба ноҳияи Фархор, соли 1949 ба ноҳияи Ҷилликӯл ва марти соли 1953 ба деҳаи ноободи Ӯртабуз (ҳозира Виён)-и шаҳраки Октябри ноҳияи Қӯрғонтеппа (аз соли 1965 ноҳияи Вахш) муҳоҷир шуда, дар ҳайати к-зи ба номи Каганович фаъолият доштаанд. Соли 1980 ҳудуди Виён ба ноҳияи навтаъсиси Коммунистӣ (ҳозира Бохтар) интиқол гардида, мардумаш дар ҳайати к-зи Ленин (ҳозира Ӯртабуз) кор кардаанд. Ҳоло дар ҳудуди Виён хоҷагии деҳқонии «Ӯртабуз», «Бахт», «Ҳоҷӣ Темир», «Чинор» ва 6 хоҷагии деҳқонии хурд мавҷуданд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Виён // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.