Заркамар (деҳа, н. Қубодиён)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Заркамар | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Қубодиён |
| Ҷамоат | Деҳоти Заркамар |
| Таърих ва ҷуғрофия | |
| Аҳолӣ | |
| Шумора | 3288 тан (2017) |
| Миллатҳо | тоҷикон |
| Дин | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| коди телефон | +992 3251 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Заркамар — деҳа ва маркази ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён. Аз Заркамар то маркази ноҳия 20 км. Аҳолиаш 3288 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Заркамар соли 1935 бунёд шудааст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, маркази саломатӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ, 1 тарабхона ва 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи лӯлаҳои обкашӣ аз рӯди Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 4 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заркамар // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2