Гулчин (деҳа, н. Қубодиён)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Қубодиён |
Ҷамоат | Деҳоти Навобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 528 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3251 |
Нишонаи почта | 735140 |
Гулчин — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён. Аз Гулчин то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 43 км; роҳ‒асфалтпӯш. Аҳолиаш 528 нафар (2017), тоҷикон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1960 ташкил шудааст. Мардумаш асосан аз ноҳияи собиқ Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба ин деҳа кӯчидаанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Бунгоҳи тиббӣ, осиёби барқии хусусӣ, нуқтаи савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳаёти ҷамоати деҳоти Тахти Сангин давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ. Заминҳояш аз дарёи. Кофарниҳон тавассути наҳри Ҳаёт обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулчин 10 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулчин // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2