Jump to content

Гулистон (деҳа, н. Қубодиён)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Қубодиён
Ҷамоат Деҳоти Тахти Сангин
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4887 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3251
Нишонаи почта 735140

Гулистон (собиқ Болшевик, то 29.3.12) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 11 км, то маркази ноҳия 30 км; то шаҳри Душанбе 220 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4887 нафар (2017), тоҷикон.

Солҳои 40 асри 20 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш асосан аз водии Рашт ва ноҳияи Тавилдара барои васеъ кардани заминҳои пахтаи Тоҷикистон кӯчонда шудаанд.

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 нуқтаи савдои хусусӣ, 3 масҷиди панҷвақта, 1 масҷиди ҷомеъ, маркази саломатӣ, беморхона, 2 дорухона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон тавассути наҳри Каттаариқ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 10 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии тухмипарварии «Авесто» мавҷуд аст.

Ходими давлатӣ Зардакшо Сияров дар ҳамин деҳа ба воя расидааст.