Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ваҳдат (деҳа, н. Қубодиён)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Ваҳдат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Қубодиён
Ҷамоат Деҳоти Тахти Сангин
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қизилиттифоқ
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3233 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3251
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ваҳдат (то 28 феврали 2013 Қизилиттифоқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён. Аз Ваҳдат то маркази ҷамоат 13 км, то маркази ноҳия 28 км. Аҳолиаш 3233 нафар (2017), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, клуб, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва 3 масҷиди панҷвақта дорад.

Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон ва наҳри Каттаариқ обёрӣ мешаванд. Ваҳдат соли 1954 ташкил шудааст ва аҳолиаш аз ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол ва Ҳоит муҳоҷир шуда, дар ҳайати колхози «Оқолтин», минбаъд «50-солагии СССР» кор кардаанд. Ҳоло дар Ваҳдат хоҷагии кооперативӣ — истеҳсолии «Авесто» ва 15 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст