Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заркорон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Заркорон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Восеъ
Ҷамоат Деҳоти Мирзоалӣ Вайсов
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5033 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3311
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Заркорон (то 15.12.2011 Бешариқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсов (собиқ Пахтаобод)-и ноҳияи Восеъ. Аз Заркорон то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 5033 нафар (2017), тоҷикон.

Заркорон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, клуб, 10 нуқтаи савдои хусусӣ, маркази саломатӣ, маркази таъмири техникӣ, 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ду масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз рудҳои Ёхсу (тавассути наҳри Кафтархона) ва Сурхоб обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 96 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Дорандаи ордени «Нишони Фахрӣ» Ғоибов Бӯрихон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Муродалӣ дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.