Гултеппа (деҳа, н. Восеъ)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Восеъ |
Ҷамоат | Деҳоти Худоёр Раҷабов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1156 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3311 |
Нишонаи почта | 735140 |
|
Гултеппа — деҳа дар ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ. Аз Гултеппа то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 42 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1156 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Гултеппа нуқтаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Пахтакор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Ёхсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гултеппа 13 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа соли 1929 ташкил шуда, аксарияти мардумаш аз минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг ба ин ҷо кӯчидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гултеппа // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2