Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулдара (деҳа, н. Восеъ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулдара
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Восеъ
Ҷамоат Деҳоти Миралиобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 448 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3311
Нишонаи почта 735140

Гулдара — деҳа дар ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ. Аз Гулдара то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 35 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 448 нафар (2017), тоҷикон.

Гулдара мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, осиёби барқӣ, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Тосқалъаи ҳамин ҷамоат ва деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Сурхоб обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулдара 2 хоҷагии хурди чорвопарварӣ мавҷуд аст.