Jump to content

Кафтархона (деҳа, н. Восеъ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Кафтархона
Кафтархона
Кишвар  Тоҷикистон
Мақом вилояти Хатлон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Восеъ
Ҷамоат Деҳоти Худоёр Раҷабов
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис тацрибан соли 1890
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2051 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3311
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Кафтархона — деҳа дар ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ. Аз Кафтархона то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 25 км. Аҳолиаш 2051 нафар (2017), тоҷикон.

Ин деҳа дар тарафи ғарбии шаҳри Кӯлоб, дар соҳили рости дарёи Ехсу ҷойгир шудааст. Аз сабабе, ки дар ин диёр кабӯтар зиёд аст ва рамзи сулҳу дӯстӣ мебошад, ин деҳаро «Кафтархона» номидаанд.

Деҳаи Кафтархона шахсони оқилу бузургро ба монанди Махсуми Абдусууд, Махсуми Мулло Муҳаммадсаид, Домуло Абдулҳамид Раҳимов, Махсуми Зубайдулло — олимони ислом, Сироҷиддин Амирхонов, Раҳмонов Саттор, Зувайдулло паҳлавон, Низомиддин Амирхонов, Қодиров Исмонқул, муалллим Бозоров, усто Давлат, муаллим Турахонов, Бурҳониддин Ҳасанов, Қудратулло Айниддинов - шахсони боруманди деҳа, Тағойбобо Шукурзод, Азизи Раҳим, Абдуқодири Раҳим, Даврони Айниддин, Муҳаммадӣ Абдурасулов — олимону шоирон ва ба монанди инҳо даҳҳо шахсони хирадмандро парваридааст.