Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарнисор (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарнисор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҷамоат Деҳоти 50-солагии Тоҷикистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3099 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3243

Зарнисор(то 14.6.2012 Энгелс) — деҳа дар ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Зарнисор то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 4 км. Аҳолиаш 3099 нафар (2017), асосан аз минтақаи Рашт ба ин деҳа кӯчидаанд, тоҷикон.

Соли 1923 бунёд шудааст. Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб, масҷиди панҷвақта ва 5 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз рӯд Хоҷақалъа обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 41 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.