Гулобод (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Абдураҳмони Ҷомӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Қадриддин Ғиёсов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3202 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон, ӯзбакҳо |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3243 |
Гулобод (то 14.12.12 Калинин) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 9 км; то маркази вилоят 44 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3202 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, осиёби барқӣ, корхонаи истеҳсоли фаршҳои сементии «Шамсия», 4 нуқтаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Хоҷақалъа обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 40 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сайфура Зоирова дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5