Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зафаробод (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зафаробод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҷамоат Деҳоти Қадриддин Ғиёсов
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2759 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3243

Зафаробод (то 14.12.2012 Ленинизм) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Аз деҳаи Зафаробод то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия (шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ) 10 км, то маркази вилоят (ш. Бохтар) 49 км. Аҳолиаш 2759 нафар (2017). Соли 1938 бунёд шудааст. Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, 2 масҷиди панҷвақта, 2 осиёби барқӣ ва 6 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳри Хоҷақалъа аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии деҳқонии «Шомуддин» фаъолият дорад.