Боқӣ Раҳимзода (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Боқӣ Раҳимзода
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3722 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3243

Боқӣ Раҳимзода (то соли 2012 Қурултой) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Боқӣ Раҳимзода то маркази ҷамоат ва ноҳия 1,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4200 нафар (2013), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб барои баргузории маъракаҳои мардум ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Аскари Шоҳ обёрӣ мешаванд.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Мардумаш солҳои 1949 аз ноҳияи Ғарм бо мақсади обод кардани заминҳои туғайзор ба ин ҷо муҳоҷир шуда, дар ҳудуди колхози Комсомол бо сарварии раиси колхоз Қӯчқор Дусанов дар 1400 га замини корам киштукор мекардаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]