Jump to content

Кӯчаи Шероз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шероз (собиқ кӯчаи Чапаев) — кӯчаест воқеъ дар соҳили чапи дарёи Душанбе. Дарозиаш — 500 метр. Аз кӯчаи Шевченко оғоз ёфта, то хиёбони Исмоили Сомонӣ тӯл мекашад.

Яке аз кӯчаҳои куҳани шаҳр буда, дар он иншооти сохти солҳои 1940—1960 низ боқӣ мондаанд. Тармими ҷузъии тарафи шарқии кӯча боиси пайдоиши чанде аз иншооти ҷамъиятӣ, мисли Хонаи радио, ТВ Баҳористон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ғайра гардид. Бахши поёни ғарбии шаҳр низ ба он рӯбарӯ буда, бинои Вазорати корҳои хориҷӣ он ҷо бунёд шудааст ва кӯча дар шарқ ба роҳи калони асосӣ мебарояд.

Маҷмаъи меъмориву муҷассамаи азими бахшида ба 1100-солагии Давлати Сомониён (соли 1999), ки ба самти шарқу ғарб тӯл кашидааст, ба кӯчаи Шероз мебарояд. Иншооти асосии ҷумҳурӣ — Қасри Миллат ба кӯчаи Шероз рӯбарӯст. Сохтмони мазкур соли 2003 оғоз гардид. Канори шимолии кӯчаи Шероз тибқи лоиҳа тавассути пул — боғи роҳрави пиёдагардӣ, ки боғҳои муаллақи бостонии Самирамисро ба ёд меоранд, бо боғи фарҳангу фароғати «Пойтахт-80» пайваст хоҳад гашт.

Ба хотири шаҳри Шероз номгузорӣ шудааст