Jump to content

Мастибек Тошмуҳаммадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мастибек Тошмуҳаммадов
Зодрӯз 24 декабр 1908(1908-12-24)
Таърихи даргузашт 22 ноябр 1988(1988-11-22) (79 сол)
Мансубият
Қисм генерал-майор
Равобит
ордени Байрақи Сурх Order of the Patriotic War 1st class Order of the Patriotic War 2nd class Ордени Ситораи Сурх ордени «Нишони Фахрӣ» Medal "For Courage" Medal "For Battle Merit" Medal "For the Defence of the Caucasus" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "For the Capture of Berlin" Medal "For the Liberation of Prague"

Тошмуҳаммадов Мастибек Давлатович (24 декабри 1908 — 22 ноябри соли 1988) — раҳбари низомии шуравӣ, корманди сиёсӣ, генерал-майор (1962), нахустин генерал аз ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мастибек Тошмуҳаммадов 24 декабри соли 1908 дар деҳаи Поршинев зода шудааст, ки акнун ҷамоъате дар ноҳияи Шуғнон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ӯ таҳсилоти миёнаро дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ фаро гирифта ва сипас донишҷӯи Донишсарои омӯзгории Тошканд шуд. Вай яке аз нахустин касоне дар Тоҷикистон буд, ки дар соли 1923 узви комсомол шуд.

Соли 1929, пас аз хатми донишсаро, ӯро котиби кумитаи комсомоли ноҳияи Кангурт дар вилояти Кӯлоб таъйин карданд. Сипас ӯ дар вазифаҳои котиби кумитаи комсомоли ноҳияи Кӯлоб ва мудири шуъбаи низомиву тарбияи бадании кумитаи комсомолии Осиёи Марказӣ кор кард.

Солҳои 1932—1934 Котиби якуми Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон буд.

Соли 1935 бо фармони Комиссари Халқии ИҶШС ва қарори Дафтари КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Мастибек Тошмуҳаммадов муъовини умури сиёсии фармондеҳи ҳанги 47-уми савораи лашкари 20-уми савора таъйин карда шуд. Сипас барои таҳсил ба Академияи низомӣ-сиёсӣ ба шаҳри Ленинград фиристода шуд. Пас аз хатми давраҳои олии Академияи низомӣ-сиёсӣ дар соли 1937 ба Душанбе баргашт ва муъовини сардори бахши сиёсии лашкари 20-уми савора таъйин шуд.

Соли 1937 ҳамчун хешованди наздики «душмани халқ» Шириншо Шотемур аз Артиши Сурх ихроҷ ва боздошт шуд. Пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони омӯзгории шаҳри Душанбе кор мекард.

Дар пайи сар задани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар моҳи августи соли 1941 ӯ дар Артиши Сурх барқарор карда ва инструктори калони шуъбаи сиёсии лашкари 389-уми тирандозӣ таъйин шуд, ки он дар Тошканд ташкил карда шуда буд. Аз апрели 1942 то апрели 1943 муъовини сардори шуъбаи сиёсии лашкари 389-уми пиёда буд.

Дар раванди набардҳо барои озодсозии рустоҳои Ишерская ва Наурская дар Чеченистон аз 23 — 27 августи соли 1942 гурдони комиссар Тошмуҳаммадов бахше аз ҳанги 1279-уми тирандозии лашкари 389-ум буд. Вай ҳамроҳ бо ваштҳои 5 ва 6-уми тирандозии ҳанги 1279 дар ин набардҳо ширкат кард ва бо ҷасорати худ сарбозону афсаронро ба ҳуҷум ташвиқ кард. Бо фармони № 012/н Артиши 44-уми Ҷабҳаи Қафқози ҷанубӣ аз 15 октябри соли 1942 бо медали «Барои ҷасорат» сарфароз шуд[1].

Аз апрели соли 1943 то поёни ҷанг — муъовини умури сиёсии фармондеҳи ҳанги 545-уми тирандозии лашкари 389-уми тирандозӣ буд.

Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар минтақаи низомии Туркистон хидмат мекард. Соли 1949 донишгоҳи низомии Ашқобод ва соли 1957 Академияи низомиву сиёсии ба номи В. И. Ленинро хатм кард.

Солҳои 1957—1970 комиссари низомии ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1962 рутбаи генерал-майорро дарёфт кард. Аз соли 1957 то соли 1963 узви КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буд. Аз соли 1957 то соли 1971 намояндаи Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Соли 1970 Мастибек Тошмуҳаммадов бознишаста шуд.

Вай 22 ноябри соли 1988 дар гузашт[2].

  • 2 нишони Парчами Сурх
  • 3 нишони Ҷанги Ватанӣ дараҷаҳои 1 ва 2
  • 3 нишони Ситораи Сурх
  • Нишони Фахрӣ
  • Медали «Шараф»
  • Медали «Хидмати шоиста»
  • Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон[3].

Соли 2008 ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи Мастибек Тошмуҳаммадов дар ҳудуди литсейи ҳарбии шаҳри Душанбе муҷассамаи ёдгорӣ кушода шуд [1] [2]. Соли 1989 мактаби миёнаи №11 дар Поршиневро ба ёди ӯ номгузорӣ карданд.

  1. ЦАМО РФ: фонд 33; опись 682525; единица хранения 341
  2. Мастибек Ташмухамедов — первый таджикский генерал(пайванди дастнорас — таърих). 28 май 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 апрели 2012.
  3. Биография Мастибека Ташмухамедова(пайванди дастнорас — таърих). 28 май 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 апрели 2012.