Маъруф Раҷабӣ
Маъруф Саидович Раҷабов | |
Таърихи таваллуд | 14 феврал 1955 |
Зодгоҳ | Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 24 декабр 2001 (46 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ(1999) |
Маъруф Раҷабӣ (Раҷабов Маъруф Саидович; 14 феврал 1955, Кӯлоб — 24 декабр 2001, Душанбе) — мунтақид[1], доктори илмҳои филология (1998), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1999)[2]. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)[3].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маъруф Раҷабӣ 14 феврали соли 1955 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо баҳои аъло хатм кардааст. Муддате дар донишкадаи номбурда, раёсати Ҷамъияти «Дониш» ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мавзӯи рушду камоли насри муосири тоҷикӣ қариб 100 мақола ба табъ расондааст. Бештар осори Устод Айнӣ, Ҷ. Икромӣ. С. Улуғзода, Р. Ҳодизода. Ю. Акобиров ва У. Кӯҳзодро баррасӣ кардааст.
Дар таҳқиқи масъалаҳои таҳаввули жанри таърихӣ, поэтикаи наср, анъанаву навоварӣ майлу рағбати қавӣ зоҳир намудааст.
Солҳои охир барои аз назари тоза ба муҳокима гирифтани таърихи адабиёти муосир, махсусан, проблемаҳои алоқаманди ҷадидия, талош варзида, дар ин бора мақолаҳои «Рӯйдодҳои зиндагӣ ва инкишофи характер» (1988), «Қадамҳои ноустувору устувори танқид» (1989), Андаке дар бораи «душманони халқ» (1990), «Сабақҳои сиёсати адабӣ» (1990), «Ҷадидия ва инқилоб» (1991), «Тарбия ва адабиёт» (1992), «Барои шумо аз асри ХХI» (1992) ва ғ., ҳамчунин, рисолаҳои «Ислом: Ҷадидия ва Инқилоб» (1998), «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ. Асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷикии марҳалаи якум. Солҳои 1920—1954» (1998)-ро ба қалам овардааст.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи китобҳои «Тадқиқоти таърих- тадқиқи характер» (1990), «Насри тоҷикии замони ҷанг. Таҳаввули поэтика» (1990), «Ба фикри ман»(2003), «Сотим Улуғзода — абармарди набарду андеша» (2004) ва ғайра мебошад[4].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Маъруф Раҷабӣ 24 декабри соли 2001 даргузашт.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ(1999)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ёдкард аз мунтақид Маъруф Раҷабӣ. ADAB.TJ. Адаб ва ҳунар (14 феврали 2025). 17 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Маъруф Раҷабӣ. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 17 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 52 — 53 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 14 феврал
- Зодагони соли 1955
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Кӯлоб
- Даргузаштагони 24 декабр
- Даргузаштагони соли 2001
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон