Jump to content

Муҳрарезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муҳрарезӣ - ҳунари истифода ва нақшбандӣ бо муҳра дар тайёр намудани ороишоти занона мебошад.

  • Зеби гардан

Ороиши занонаест, ки ба номи муҳраи гардан, гулӯбандак ва ғайра маъмул аст. Дар Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Зарафшон - хафабанд, гулӯбанд, Қаротегини Боло, Мастчоҳ - кенҷак, Дарвоз - кашелак ва дар Бадахшон - семак, марҷон, марҷони гардан меноманд. Дар қадим зеби гардан аз тангаҳои тилоӣ ё нуқра ва муҳраҳои қиматбаҳо сохта шуда, бештар онро занҳои доро истифода менамуданд. Дар Болооби Зарафшон, шимоли Тоҷикистон, Самарқанду Бухоро зеби гардан аз тангаҳои подшоҳӣ сохта шуда аз якчанд қатор иборат аст, ки қатори аввал ба гардан ҷафс буда, боқимонда то қафаси сина овезонанд. Бештар нӯги ин қабил зеби гарданҳо тавқ дошт. Дар водии Кӯлоб низ аз тангаҳои бухороӣ (тило ё нуқра) зеби гардан месохтанд, ки имрӯз дар байни ҷавонзанҳо маъмул аст. Зеби гарданҳои пештараро аз марҷони табиӣ месохтанд, ҳоло онро дар фабрикаҳо на фақат аз марҷон инчунин аз муҳраҳои сунъӣ низ тайёр мекунанд. Зеби гардани муҳрагӣ бештар аз муҳраҳои ранга ва сиёҳу сафед ба 7-10 қатор ресмон тавре чида мешавад, ки шаклан ба шероза ё нақши зебои дигаре монанд мешавад ва чунон ба назар мерасад, ки он тӯрбофӣ шудааст. Дар Кӯлобу Қаротегини Поён, Варзоб ва Қаратоғ зеби гардани нуқрагӣ маъмул аст, ки он бо номи зира, тавқ ё зареҳ ёд мешавад.[1]