Назруллоҳи Назар
Таърихи таваллуд: | 30 январ 1949 (75 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Забони осор: | тоҷикӣ, арабӣ |
Назруллоҳи Назар (30 январи 1949, деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод) — тарҷумон, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2001)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Назруллоҳи Назар 30 январи соли 1949 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1963, баъди хатми мактаби 7-солаи деҳа, вориди Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент шуда, соли 1967, баъди хатми он, дар факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (шуъбаи арабӣ) таҳсил кардааст. Солҳои 1975—1978 корманди аршади Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои мадании Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, 1978—1982 тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ, 1982—1987 корманди аршади Шӯрои умури динияи Совети вазирони ҶШC Тоҷикистон, 1987—2002 котиби масъул ва муовини раиси Кумитаи ҳамдилии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва Африқо, 2002—2007 муовини сардор ва сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ будааст. 6 августи соли 2007 Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб таъйин шудааст. Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Назруллоҳи Назар аз овони мактабхонӣ ба забони тоҷикӣ, аз айёми донишҷӯӣ ба забони арабӣ шеъргӯӣ кардааст. Мутарҷим, мураттиб ва муҳаррири китобҳои зерин аст: «Қаҳрамони кишвари офтобӣ». Ҳикояҳои халқии узбекӣ. Тарҷума аз русӣ ба арабӣ (ҳамроҳи мутарҷимони араб), (Тошканд, 1978), «В стране царицы Савской» (ба забони русӣ), (Душанбе,1989). Абӯҳомиди Ғазолӣ. «Насиҳату-л-мулук». Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ бо тавзеҳот (Душанбе, 1989). Абдулазиз ал-Мақолеҳ. Ҷоми ашк. Маҷмӯаи ашъор. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ (ҳамроҳи Гулназар Келдӣ; Душанбе 1990). «Рубоиёт». Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ (Душанбе, 1992). «Зи рахшанда кавкаб ёздаҳ». Тарҷумаи ашъори шоирони муосири тоҷик аз забони тоҷикӣ ба арабӣ, (Душанбе, 1992). Гулназар. «Диёрам Тоҷикистон». Маҷмӯаи ашъор, Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ. (Душанбе, 1998). «Луғати тоҷикӣ ба арабӣ» (Душанбе, 1998), «Ҳафтяки шариф». Матн, тарҷума ва тафсир (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Умаров; Душанбе, 1999 ва 2006), Суод ас-Сабоҳ. «Хаймаи қудусии сухан». Гулчини ашъор. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ (ҳамроҳи Гулназар; Душанбе, 1998; Маскав 1999), Низор Қаббонӣ. «Садои дард». Ашъори мунтахаб. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ (ҳамроҳи Қутбӣ Киром ва Гулназар); Душанбе, 2002), «Муҳовараи тоҷикӣ-арабӣ» (Душанбе, 1999, 2002), «Се саҳна аз Тоҷикистон» (се асари драмавии Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ, Ҷумъа Қуддус). Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ (ҳамроҳи тарҷумони суриягӣ Ғассон Муртазо; Димишқ, 2002), «Гули рухсор ва гули назар» (Маҷмӯаи ашъори Гулрухсору Гулназар), Муаллифи тарҷумаи арабии Суруди миллии Тоҷикистон аст. ва ғ. Рисолаи бунёдии Президенти кишварамон Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (дар 3 ҷилд) дар зери назар ва таҳрири ӯ ба забони арабӣ тарҷума ва ду маротиба (солҳои 2009 ва 2011) дар Қоҳира мунташир гардидааст. Ҳамчунин, маҷмӯаи мақолаҳои Сарвари давлат «Назаре ба мероси Имоми Аъзам» дар зери назари ӯ ба арабӣ тарҷума ва соли 2009 дар Ар-Риёз ба чоп расидааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Шараф»;[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 149—150 ISBN 978-99947-2-379-9
- Зодагони 30 январ
- Зодагони соли 1949
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Тоҷикистон
- Шоирони ИҶШС
- Шоирони асри XX
- Шоирони асри XXI
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои ИҶШС
- Тарҷумонҳои асри XX
- Тарҷумонҳои асри XXI
- Адибон аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ
- Шоирони тоҷик