Рӯйдодҳои соли 2013
Зоҳир
Декабри соли 2013
[вироиш | вироиши манбаъ]- 25 декабр - шумораи мақолаҳо дар Википедиаи тоҷикӣ аз 25 ҳазор зиёд шуд (аксҳо - 505). То ба ҳамин рӯз: шумораи сабтшудагони Википедиаи тоҷикӣ - 9972 наф.(2004-2013), корбарони фаъол (имрӯз) - 41 наф. (аз ҷумла ботҳо) ташкил медоданд.
Ноябри соли 2013
[вироиш | вироиши манбаъ]- 18 ноябр - дар ҷаласаи 37-уми ЮНЕСКО феҳрасти санаҳои таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2014 - 2015 тасдиқ гардид, ки дар ин миён 4 пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон низ пазируфта шудааст. Ба феҳристи ЮНЕСКО 3000 - солагии қалъаи Ҳисор, 700 - солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100 - солагии Зиёдулло Шаҳидӣ шомил карда шуданд ва қарор шуд, ки ин ҷашну чорабиниҳо бо ширкати ин созмон таҷлил мегардад. Чаҳор таърихи таърихии Тоҷикистон дар феҳрасти ЮНЕСКО/Озодӣ
- 6 ноябр - Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботии 6 ноябри соли 2013 ғолиб дониста шуд. Ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - 83,6 фоиз, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Бухориев Толибек Аҳмадович - 4,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон - 3,8 фоиз, ба ҷонибдории номзад аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдуҳалим - 1,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон Исмонов Саидҷаъфар - 1 фоиз ва ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Талбаков Исмоил 5 фоиз овоз додаанд. Мутобиқи маълумоти пешакии расмӣ шумораи умумии интихобкунандагон 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар ё 86,6 фоиз дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоҳи хеш додаанд.[1]
Октябри соли 2013
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 октябр - Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод.Нақби Чормағзак, ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта мавриди истифода қарор гирифт.[2]
Сентябри соли 2013
[вироиш | вироиши манбаъ]- 24 сентябр 6 ҳизби расмии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон [[2013}]] номзади худро пешбарӣ намуданд, ҳизби ҳокими ҲХДТ ва ҲСДТ анҷуманҳои ҳизбии худро моҳи октябр баргузор мекунанд.[3]
- 17 сентябр - дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар майдони 3 га бунёд ёфта аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад.[4]
Августи соли 2013
[вироиш | вироиши манбаъ]- 29 август - Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон,корхонаи сементи ширкати чиноии “Ҳауксин Ғаюр семент", ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.[5]
Июни соли 2013
[вироиш | вироиши манбаъ]- 5 июн - Дар канори шаҳри Атамуроди Туркманистон расми ифтитоҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон оғоз ёфт.[6]
- 21 июн - Дар иҷлоси 37-уми Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Комбуҷ Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳҳои Помир) ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шуд.[7]
Марти соли 2013
[вироиш | вироиши манбаъ]- 20 март- Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ҷилди дуввуми китоби бисёрҷилдаи Энсиклопедияи миллии тоҷикро ба нашр расонд. Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст.[8]
- 21 март — 24 март - ҷашнгирии иди Наврӯз (Иди байналмилалии Наврӯз) дар Тоҷикистон. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзҳои 21 март-24 март — Иди байналмилалии Наврӯз (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.10 с., № 611) эълон намудааст. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Маҷмаи умумӣ СММ соли 2010 онро ба ҳайси Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намуд.[9]Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон - 21 март; Эрон - аз 20 то 23 март; Озарбойҷон - аз 20 то 26 март; Қазоқистон - аз 21 то 24 март; Туркманистон - аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Ӯзбекистон - 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) - аз 20 то 23 март; Косово - 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[10]
Феврали соли 2013
[вироиш | вироиши манбаъ]- 5 феврали соли 2013 - саршумории аҳолиии Тоҷикистон 8 000 700 танро ташкил намудааст, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбек, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроинӣву тотору ғайра ҳастанд. Аз рӯи баҳодиҳии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ – 7 млн. 952 ҳазор нафар мусулмон ва 48 ҳазор нафар намояндагони дигар динҳо (ғайримусулмон) мебошанд.[11]
- 21 феврал - Рӯзи Байналмилалии забони модарӣ. Ин Рӯзи таърихӣ, соли 1999 аз ҷониби ЮНЕСКО таъсис дода шудааст.[12]
- 23 феврал - Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 феврали соли 2013 - 20-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Январи соли 2013
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 январ - мувофиқи нишондоди омории Википедия (wikipedia) (Рэнкинг всех (287) википедий на 1 января 2013 r.[13] 1 январи соли 2013 шумораи саҳифаҳои Википедияи Тоҷикӣ (tg.wikipedia.org) - 10 613 мақоларо дарбар мегирифт, ва аз байни 287 забонҳои кории Википедия дар ҷойи 115 қарор дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 7 ноябр/АМИТ «Ховар». 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 ноябри 2013.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2014.
- ↑ [1]
- ↑ [2]
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2015.
- ↑ http://www.ozodi.org/content/tajikistan-in-2013-day-by-day-chronicle-part-2/25212934.html
- ↑ [3]
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 сентябри 2014.
- ↑ Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 8 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 августи 2021.
- ↑ Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш.Нашрияи ДМТ. - 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 апрели 2013.
- ↑ [4](пайванди дастнорас)
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 апрели 2019.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |