Тоҷикистон дар соли 2018
Зоҳир
ноябри соли 2018
[вироиш | вироиши манбаъ]- 16 ноябр Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими расмӣ баъд аз зуҳри 16 ноябри 2018 соати 16:32 ба вақти Душанбе чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба баҳрабардорӣ расонд.[1].
октябри соли 2018
[вироиш | вироиши манбаъ]- 25 октябр Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок карданд.[2].
- 24 октябр Дар феҳристи 500 мусулмони пурнуфузи дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷой гирифтаанд. Феҳристи 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.[3].
- 22 октябр Дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.[4].
- 22 октябр Дар бахши озмуни байналмилалӣ ҷоизаи аслии кинофестивали 8-уми «Дидор» ба филми «Хаёлӣ»-и коргардон Парвиз Раҷабзода аз «Хатлонсинамо», ҷоизаи беҳтарин филми аниматсионӣ ба филми «Сандуқчаи зулбиё»-и Алексей Румянтсев ва дар бахши «Озмуни филмҳои тоҷикӣ» ба филми «Таксӣ»-и Файзулло Файзов супорида шуд.[5].
- 12 октябр Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 12/10/2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расиданд.[6].
- 10 октябр Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё ба пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе баргашт[7].
сентябри соли 2018
[вироиш | вироиши манбаъ]- 28 сентябр Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар рафти ҷаласаҳои хосса ва бо иштироки ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа табодули афкори пурмуҳтаво сурат гирифта, доир ба ҳамкории минбаъда дар доираи Созмон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.[8].
- 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода ба Корхонаи воҳиди давлатии «Корхонаи воҳиди давлатии „Ширкати Алюминийи Тоҷик“ (ТАЛКО)» ташриф оварда марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.[9].
- 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.[10].
- 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» — ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.[11].
- 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.[12].
- 5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд.[13].
августи соли 2018
[вироиш | вироиши манбаъ]- 28 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» иштирок намуданд.[14].
- 17 август бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17-18 августи соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом пазируфт.[15].
майи соли 2018
[вироиш | вироиши манбаъ]- 16 май 650 трактор дар як сол. Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба фаъолияти Корхонаи муштараки тракторсозӣ дар ш. Ҳисор ифтитоҳ гузоштанд.(/news.tj/tj/ 16.05.2018 Бойгонӣ шудааст 29 май 2018 сол.).
- 16 май Масофаи роҳ 174 километр ва 4,5 соат вақти сафар бо 50 сомонӣ: баъди танаффуси 26-сола байни Тоҷикистону Ӯзбекистон равуои автобусҳои мусофирбар барқарор шуд.(/news.tj/tj/ 16.05.2018 Бойгонӣ шудааст 1 сентябри 2018 сол.).
- 11 майи соли 2018 Беларус дар Ҳисор корхонаи трактор месозад. (/ozodi.org 11.05.2018).
- 8 майи соли 2018 Владимир Путин, ки бори чаҳорум президенти Русия интихоб гашт, савганд ёд карда, расман корро шурӯъ кард.(/news.tj/tj/ 08.05.2018 Бойгонӣ шудааст 11 июли 2018 сол.).
апрели соли 2018
[вироиш | вироиши манбаъ]- 9 апрел Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад. (/news.tj/tj/ 9.04.2018).
- 6 апрел Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) ҷойгир шудаанд.(// khovar.tj/ 06.04.2018 Бойгонӣ шудааст 16 июни 2020 сол.).
марти соли 2018
[вироиш | вироиши манбаъ]- 24 март мақолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.(//khovar.tj/ 24.03.2018 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
- 22 март дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 22 марти соли 2018 ба кори хеш шурӯъ намудааст, ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” суханронӣ намуданд.(khovar.tj/ 22.03.2018 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
феврали соли 2018
[вироиш | вироиши манбаъ]- 16 феврал Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бори чорум барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шуд.(khovar.tj/ 16.02.2018 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
- 14 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст.(khovar.tj/ 14.02.2018 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
январи соли 2018
[вироиш | вироиши манбаъ]- 20 январ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд. Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.(khovar.tj/ 22.01.2018 Бойгонӣ шудааст 15 май 2021 сол.).
- 10 январ Дар Ҷаласаи 11 - уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд. (jumhuriyat.tj/ 10.01.2018).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Баҳрабардорӣ аз чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон. parstoday.com (16 ноябри 2018). 16 ноябри 2018 санҷида шуд.
- ↑ Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» дар Қасри Арбоб. khovar.tj (25 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2018.
- ↑ Рахмон и Нурмагомедов вошли в список самых влиятельных мусульман мира. khovar.tj (24 октябри 2018). 3 ноябри 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. khovar.tj (22 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 ноябри 2018.
- ↑ Ғолибони Кинофестивали байналмилалии «Дидор» муайян шуданд. khovar.tj (22 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 ноябри 2018.
- ↑ Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай даҳ қарор ва ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. khovar.tj (12 октябри 2018). 12 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 октябри 2018.
- ↑ Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. khovar.tj (10 октябри 2018). 10 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2018.
- ↑ Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. prezident.tj (28 сентябри 2018). 28 сентябри 2018 санҷида шуд.
- ↑ Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС». prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
- ↑ Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
- ↑ Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ”. prezident.tj (20 сентябри 2018). 20 сентябри 2018 санҷида шуд.
- ↑ Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ. prezident.tj (14 сентябри 2018). 14 сентябри 2018 санҷида шуд.
- ↑ Ифтитоҳи аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе. prezident.tj (5 сентябри 2018). 5 сентябри 2018 санҷида шуд.
- ↑ Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (28 августи 2018). 28 августи 2018 санҷида шуд.
- ↑ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. prezident.tj (17 августи 2018). 17 августи 2018 санҷида шуд.