Чинор (деҳа, н. Кӯлоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Чинор)
Деҳа
Чинор
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯлоб
Ҷамоат Деҳоти Даҳана
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 1518 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140
Коди мошин TJ03

Чинордеҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Чинор то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия 20 км. Аҳолиаш 1518 нафар (2017), тоҷикон.

Ҷойном[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи ин деҳа ба хотири дарахти чинори кӯҳане, ки то ҳол ин ҷо сарсабз ҳаст, гузошта шудааст. Аҳолиаш дар соли 2010 аз 1432 нафар иборат буд. Деҳаи Чинор масҷиди панҷвақта, осёби обӣ, мағозаҳо дорад. Соҳаи асосӣ кишоварзист, заминҳо аз дарёи Яхсу ва сойи Даҳана обёрӣ мешаванд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]