Чонқирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Чонқири

тур. Çankırı
Çankırı (Kaleden).jpg
Кишвар  Туркия
Мақом маркази вилоят
Координатаҳо 40°36′00″ с. ш. 33°37′00″ в. д.HGЯO
Коди телефон 0376
Сайти расмӣ cankiri.bel.tr
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Чонқири дар харитаи
Чонқири
Чонқири

Чонқири ( тур. Çankırı ) - шаҳр дар Туркия, маркази маъмурии вилояти Чонқири аст. Шаҳр дар 140 километрии шимолу шарқи Анкара дар яке аз шохоби дарёи Қизилирмак ҷойгир аст.

Дар даврони қадим, Чонқири ҳамчун Гангра ва Германополис (Germanopolis) маълум буд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асри IV милод дар Гангра рӯйдоди муҳим дар ҳаёти калисои масеҳӣ баргузор шуд.

Чонқири дар асри XIV, вақте ки онро Султон Мурод I забт намуд, тобеи салтанати Усмонӣ гардид. Дар соли 1402, шаҳр аз ҷониби Амир Темур забт карда шуд, аммо дар соли 1439 онро Султон Маҳмад I азнав баргардонд.

Дар охири асри XIX шумораи аҳолии Чонқири тақрибан 16 ҳазор нафарро ташкил медод. Дар соли 1927 ин рақам ба 8847 нафар коҳиш ёфт, аммо баъдан аҳолӣ ба барқароршавӣ шурӯъ кард: 10 235 наф. (1940), 26 124 наф. (1970), 45 496 (1990) наф. зиёд шуданд.

Ҷойҳои тамошобоб[вироиш | вироиши манбаъ]

Манзараи шаҳр аз баландӣ
  • Боғи Миллии кӯҳии Илгаз
  • Харобаҳои қалъаи Чонқири
  • Мақбараҳо ва масҷидҳо (ҳамчунин калисоҳои пешина)
  • Кони намак

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Lua error in Модул:External_links at line 153: attempt to call field 'getWikidataRefHtml' (a nil value).