Шаҳраки Зафаробод (ҷамоат)
| ҷамоат | |
Зафаробод | |
|---|---|
| Шаҳраки Зафаробод | |
| Кишвар |
|
| Тобеъи | Ноҳияи Зафаробод |
| Шомили | 1 шарак, 6 деҳа |
| Маркази маъмурӣ | Зафаробод |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 27 148 нафар (2020) |
| Миллият | тоҷикон |
| Мазҳаб | мусулмонон-сунниҳо |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Сарвожа | ZA |
| Рамзи ISO 3166-2 | TJ.SU.ZA |
| Коди телефон | +992 3135 |
| Нишонаи почта | 735610 |
| Домени интернет | tj |
| Коди мошинҳо | TJ02 |
Шаҳраки Зафаробод — ҷамоатест дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғди Тоҷикистон.
Аҳолӣ — 27,148 нафар (соли 2020)[1].
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қисми ғарбии водии Фарғона воқеъ гаштааст. Аз Зафаробод то маркази вилоят (ш. Хуҷанд) 106 км. Тавассути роҳҳои автомобилгард бо шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан мепайвандад.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳрак 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, омӯзишгоҳи тиббӣ, коллеҷи политехникӣ, литсейи касбӣ-ҳунарӣ, 7 дорухона, беморхонаи марказӣ, беморхонаи сироятӣ, дармонгоҳ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази мубориза зидди бемории сил, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, таваллудхона, шуъбаи фарҳанг, китобхона, клуб, мактаби мусиқии бачагона, 3 боғчаи бачагона («Парасту», «Офтобак», «Ғунча»), 5 маркази савдо («Садбарг», «Душанбе», «Шамс», «Саодат», «Раъно»), бозорҳои «Бадахшон» ва «Дӯстӣ», 60 нуқтаи савдои хусусӣ, 5 чойхона, 42 ошхона, 35 нуқтаи хидмати маишӣ дорад. Дар ҳудуди ноҳия идораи шуъбаи маориф, 2 мактаби варзишӣ, ҳавзи шиноварии бачагона, варзишгоҳ, осорхона, 7 суратгирхона, шуъбаи алоқаи «Тоҷик-Телеком», автовокзал, идораи ҷамъияти матлубот, идораи роҳсозӣ, идораи байторӣ, пойгоҳи нақлиётии ҶСК «Ҷасур», ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, идораи кишоварзӣ, комиссариати ҳарбӣ, ШВКД, идораи суди ноҳиявӣ, прокуратура, муассисаи серсоҳаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, идораи нозироти андоз, шуъбаи омор, шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, масҷиди ҷомеи марказии ноҳия, 5 масҷиди панҷвақта, идораи бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, дидбонгоҳи сарҳаддии қисми ҳарбии 2857-и воқеъ дар ш. Истаравшан фаъолият доранд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо тавассути насосҳои обкаш аз д. Сир ва чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ МАЪЛУМОТ оид ба номгўи ҷамоатҳо ва шумораи аҳолии ноҳияи Зафаробод то 01.01.2020 сол. www.mihd-zafarobod.tj. 27 марти 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шаҳраки Зафаробод // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Мардум

[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шаҳраки Зафаробод // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.